Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: "Хуни муҳоҷирони ғӯрамарг ба гардани кист?"


Қатли ду муҳоҷири тоҷик дар Русия ва вокунишҳо ба ин қазия дар меҳвари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор гирифтааст.

"ФАРАЖ"

Ин ҳодисаро ба мавзеъгирии чанд тан аз соҳибмансабони Русия рабт додаву навиштааст, "бадбахтона, ин мавзеъгирии намояндагони ҳукумату давлати Русия, мисоли Жириновский, Рогозин, Рамадоновскийҳо дасти қотилони фашисти русро боз кард." Ба навиштаи нашрия "хуни ҳар муҳоҷири тоҷик ба гардани ҳамин шахсиятҳо аст."

"СССР"

Дар матлабе басташавии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро талаб кардааст. Нашрия навиштааст, "ба таҳқиқ соати басташавии дивизияи 201 фаро расидааст ва дигар набояд дар бораи коҳиши фишор сари муздурони тоҷик дар Русия андеша кард." Нашрия менависад, "бовар кунед, ин фишор ҳеҷ гоҳ поин намеояд. Дивизияи Русия бояд аз Тоҷикистон бадар равад!"

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00
Линки мустақим


"ИМРӮЗ-НЮС"

Сар буридану фиристодани онро "хабари ҷанг" хонда ва дар мақолаи "Як дуо барои мани муҳоҷири сарбурида!!!" навиштааст, ки "чанд сол аст, ба мо ин хабар (хабари ҷанг)-ро мерасонанд, мо бошем намехоҳем қабул кунем. Ё ҳанӯз ғуруре, ҷасоратеву дарде вонадоштааст моро, то вокуниш кунем?" Дар идомаи матлаб мехонем, "намешавад қатли ҳамватани худро ба ваҳшоният чунин ором ва бо сари хам ба чоки гиребон "уф" гуфта қабул намоем. Сар буридан маънии таҳқирро дорад. Онҳо сари як ҳамватанро не, сари миллатро буридаанд!"

"НАҶОТ"

Дар пасманзари таҳаввулоти ахир мавзӯи "бӯҳрони кадрӣ" дар кишварро матраҳ кардааст. Дар ҳоле ки нашрия ин масъаларо барои ҷомеаи Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи давлатдорӣ калидӣ медонад, боз ҳам ба ишораи "Азия-Плюс", ки навишта буд, "президент бояд ҳайати кадрии хешро дар сатҳи олӣ дигар намояд, дар акси ҳол, онҳо худи ӯро дур мекунанд", таъкид кардааст. Ба навиштаи муаллифи матлаб "ин ҳарфи хеле ҷиддӣ ва таваҷҷӯҳангез аст. Оқибаташ ба хайр бошад..."

"МИЛЛАТ"

Дар ин масъала бар "мутаҳҳид сохтани нерӯҳои сиёсии кишвар тавассути ҳукумати вақт"-ро зарурӣ дониста ва навиштааст, "барои ишғоли вазифаҳои калидӣ бояд намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ ҷалб шаванд. Ҳарчанд ҳизби ҳоким ғолиби интихоботи охири порлумонию ҳуқуқи соҳиб шудани тамоми вазифаҳои роҳбарикунандаро ҳам дошта бошад." Нашрия афзудааст, "мушкилоти дохилии мо дар муҳити яккатозӣ ҳалли худро намеёбад. Вақт инро исбот кард."

"ОЗОДАГОН"

Ба мавзӯи ифтихороти миллӣ пардохта ва дар матлабе зери номи "Пуфак" навиштааст, ки "агар ифтихороти пуч намебуд, агар асосу бунёди мустаҳкам медошт, агар бо шиоргӯиҳои бебунёд дар пайи таҳкими руҳияи миллӣ намебудем, балки амалан барои ҳар як фарди миллат заминаи озодаву озод ва дар фаровонӣ зистанро фароҳам мекардем, ба ҳеҷ ваҷҳ ифтихороту арзишҳои миллӣ мисли пуфак намешуд."

"НИГОҲ"

Ин нашрия низ бар ин бовар аст, ки "тӯли 20 соли истиқлолият ифтихороти мо забонӣ буд. Агар ин ифтихороте, ки президент бо тоҷик буданаш дорад, ақаллан атрофиёнашро фаро мегирифт, мо бо ин ҳама қашшоқиву камбағалӣ метавонистем, ҳадди ақал, ниме аз мардуми гурҷӣ шавем, ки президенташ мегӯяд: "Русия ба Гурҷистон дигар роҳ надорад!"
XS
SM
MD
LG