Пайвандҳои дастрасӣ

Алмаато дар ниҳоят соҳиби метро шуд


Баъди 23 соли сохтмон дар ниҳоят метрои шаҳри Алмаато имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Метрои мазкур аз як хат ва ҳашт истгоҳ иборат аст ва ҳаштуним километр тӯл мекашад. Сохтмони метрои шаҳри Алмаато дар соли 1988 шурӯъ шуд, вале баъди суқути шӯравӣ корҳоро дар он боздоштанд. Соли 2010 бо дастури Нурсултон Назарбоев сохтмони метро аз сар гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG