Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бритониё ҷӯёи эъмоли таҳрими бештар алайҳи Эрон


Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, мегӯяд, имрӯз дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел хоҳад хост, то алайҳи Эрон таҳримоти бештар эъмол шавад:" Мо чораҳои иловагӣ нисбат ба Эронро баррасӣ мекунем. Иттиҳодияи Аврупо то кунун тадобири зиёде андешидааст ва тадобири иловагие, ки умедворам имрӯз мо ба сари он мувофиқат хоҳем кард, афзоиши фишори иқтисодӣ ба Эрон хоҳад буд. Тадобири машрӯъ мусолиматомез ва фишори иқтисодӣ бахусус инзивои бештари низоми молии Эрон." Равобити Эрону Бритониё баъди ҳамлаи донишҷӯёни эронӣ ба сафорати Бритониё дар Теҳрон тира шуд. Бритониё тамоми дипломатҳояшро аз Теҳрон фаро хонд ва бо ихрои дипломатҳои эронӣ сафорати Эронро дар Ландан баст.
XS
SM
MD
LG