Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа пирӯз шуд.

Ин бозии мавқуфмондаи сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи якуми декабр дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Иброҳим Рабимов дар дақиқаи ёздаҳум ҳисобро боз кард. Дилшод Восиев, капитани дастаи “Истиқлол”, дар дақиқаи 66-ум голи дуввумро ба самар расонд. Дилшод метавонист ҳисобро боз ҳам афзун кунад. Вале ӯ дар дақиқаи 69-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра истифода карда натавонист. Умед Давлатов, дарвозабони дастаи "Вахш" тӯби задаи ӯро баргардонд.

Ба ин тартиб, “Равшан”-и Кӯлоб мисли пешин бо 89 хол аз 38 бозӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони ин даста ду бозии охиринро бо “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 83 хол аз 35 бозӣ дар ҷои дуввум аст ва 5 бозии мавқуфмонда дорад.

“Истиқлол”-и Душанбе, ки аз ҳама камтар, яъне 31 бозӣ кардааст, бо 81 хол дар ҷои саввум мебошад.

Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни пешсафон идома хоҳад ёфт.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 21 гол ба ҷои аввал баромад. Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 20-голӣ задаанд. Габриэл Донто (”Энергетик”) ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 19-голӣ, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) 17-голӣ ба самар расонидаанд.

Бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот рӯзи 2 декабр миёни тимҳои “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), 3 декабр миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Хуҷанд) - “Энергетик” (Душанбе), “Истиқлол” (Душанбе) - “Вахш” (Қӯрғонтеппа); 6 декабр - ССКА “Помир” (Душанбе) - “Истиқлол” (Душанбе), “Хуҷанд”- “Регар ТадАЗ” ва 7 декабр - “Парвоз”- “Энергетик” барпо мегарданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Равшан"

38

29

2

7

78-31

89

2.

"Регар-ТадАЗ"

35

26

5

4

97-24

83

3.

"Истиқлол"

31

26

3

2

88-15

81

4.

"Энергетик”

36

20

3

13

74-59

63

5.

"Хайр"

40

17

3

20

61-59

54

6.

ССКА "Помир"

38

16

4

18

64-62

52

7.

"Хуҷанд"

38

15

6

17

54-66

51

8.

ахш"

39

15

5

19

43-47

50

9.

"Парвоз"

38

11

4

23

44-73

37

10.

"Шодмон"

39

7

2

30

44-107

23

11.

вардия"

38

3

3

32

32-135

12

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG