Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо дар пайи эъмоли таҳримҳои бештар болои Эрон


Парчами кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо
Парчами кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви ИА барои эъмоли таҳримҳои нав болои Эрон дар Брюссел ҷамъ омаданд.

Таҳримҳои нави кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо (ИА) - вокуниш ба ҳамлаи донишҷӯёни муҳофизакори эронӣ ба бинои сафорати Бритониё дар шаҳри Теҳрон унвон шудааст.

Ба гуфтаи мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо, қарор аст, дар пояи гузориши Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ, ки аз талоши Эрон барои дарёфти силоҳи ҳастаӣ ҳадс задааст, тақрибан 200 нафар аз мансабдорон ва ниҳодҳои эронӣ мавриди таҳрим қарор бигиранд. Ҳисобҳои бонкии онҳо дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо мунҷамид ва сафари онҳо ба ин қора мамнӯъ мешавад.

Айни ҳол дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон 35 фарди алоҳида ва 215 муассиса таҳрим ва 61 тан аз мақомдорони эронӣ барои нақзи ҳуқуқи башар ба “рӯйхати сиёҳ”-и Иттиҳодияи Аврупо шомил карда шудаанд.

Майкл Манн, сухангӯи раиси бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, ба Радиои Озодӣ гуфт, Брюссел дар андешаи эъмоли таҳримҳои бештар болои Теҳрон аст. Ӯ гуфт, ки “умедворем, ин фақат қадами аввал хоҳад буд ва мо дар оянда афзоиши фишор болои мақомоти Эрон аз тариқи таҳримҳои навро дар назар дорем.”


Дипломатҳои аврупоӣ мегӯянд, бо вуҷуди вокуниши шадиди ҷавонони муҳофизакори эронӣ аз таҳримҳои нав, ҳатто эълони эмбарго барои воридоти нафти Эрон, кор хоҳанд гирифт.

Рӯзи сешанбе (29 ноябр) донишҷӯёни муҳофизакори эронӣ баъд аз намоиши эътирозӣ алайҳи таҳримҳои нави зиддиэронии Лондон ба бинои сафорати Бритониё ҳамла карда, шишаҳои биноро шикастанд ва мошинҳову парчамҳои бритониёвиро сӯзониданд.

Дар вокуниш ба ин ҳукумати Бритониё дар бораи аз Теҳрон берун овардани дипломатҳояш хабар дод ва эълом дошт, ки сафорати Эрон дар Лондон баста мешавад. Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг зимни суханронӣ дар порлумон гуфт, ба кормандони сафорати Эрон 48 соат вақт дода шудааст, то ки ба ватан баргарданд.

Мақомоти Эрон гуфтанд, ки бо ҳамла ба сафорати Бритониё ҳеҷ иртибот надорад ва талош карданд то аз бедодгариҳои бештари эътирозгарон ҷилавгирӣ кунанд. Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон ғазаби донишҷӯёни муҳофизакорро бо “даҳҳо сол рафтори худсаронаи Амрикову Бритониё” марбут кард. Ӯ тасмими Шӯрои Амнияти СММ дар бораи маҳкум кардани ҳамла ба сафорати Бритониёро “осемасарона” хонд.
XS
SM
MD
LG