Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон се қирғизро ба Бишкек истирдод мекунад


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, се шаҳрванди Қирғизистонро, ки ба қатли як чеҳраи шинохтаи ин кишвар муттаҳам мешаванд, ба Бишкек истирдод хоҳанд кард. Бино ба гузоришҳо, Қодирбек Досонов, Чингиз Ҷумъагулов ва Мирлон Шоқулиев ба қатли раиси собиқи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон Мадад Содирқулов муттаҳам мешаванд ва аз ин хотир ба Тоҷикистон фирор карда ва дар яке таҳхонаҳои шаҳри Душанбе пинҳон шудаанд. Мадад Содирқулов 13 марти соли 2009 дар ҳошияи шаҳри Бишкек кушта шуд ва мақомоти Қирғизистон аз кишварҳои ҷаҳон хоста буданд, дар ҷустӯҷуи ин се нафар кӯмак кунанд.
XS
SM
MD
LG