Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳам дил мерабоянд, ҳам ҷайб


“Соня-золотая ручка” ё “Соня-дасти тиллоӣ”. Шояд на ҳама дар кишвари мо ин номро шунидаанд.

Ин ном ва соҳиби он аслан барои доираҳои ҷиноятпешаи дунё, махсусан, дуздон маълуму машҳур аст. “Соня-золотая ручка”, агар хато накунам, дар охири қарни 19 дар Украина зиндагӣ карда ва барои он ба ӯ чунин лақаб гузоштаанд, дар кисабуриву ҳаннотӣ ва ғорати бонкҳову марказҳои бузурги тиҷорӣ мисол надоштааст.

Вале ҳадафи ман нақли рӯзгори Соняи таърихӣ нест. Мехоҳам ба Шумо, хонандагони торнамои “Озодӣ” ҳодисаеро нақл кунам, ки бо чашмони худам дидаам. Ин ҳодисае буд, ки Соня-золотая ручкаро ба хотирам овард.

Соати панҷи бегоҳ. Одамон аз коргоҳҳо баромад, ба сӯи манзили худ равон буданд. Дар дохили автобусе, ки аз маркази шаҳри Душанбе ҷониби маҳаллаи “Гипрозем” мерафт, хеле серодам буд. Дар назди даромадгоҳи дари пеши автобус меистдам. Ҳамин вақт дари автобус боз шуду як нозанине ворид гардид. Тақрибан 25-27 сола буд. Чашму абрӯвони зебо, мӯи ҳалворанги бо завқи хеле баланд ороёфта, либоси аврупоии хушдӯхту шинами ӯ таваҷҷӯҳи на танҳо ман, балки аксариятро ба худ ҷалб кард.

Агар ҳаракатҳои ба назар аҷиб, ки гӯиё ҷояш чандон мувофиқ набошад ва аз миёни одамон убур карданашро мушоҳида намекардам, ҳаргиз пай намебурдам, ки ин нозанин “дузд” аст. Аввалин чизе, ки баробари ба автобус ворид шуданаш аз соҳибони кисаҳо дуздид, ақлу ҳуши онҳо буд ва баъзе мардҳои хушлибосу хушандом бо ҳар баҳонае баргашта ва бархе бо гӯшаи чашм ба ин зебои ғоратгар назар медӯхтанд.

Ман ҳангоми аз миёни мусофирон гузаштанаш ба ҳаракати дастони ӯ таваҷҷӯҳ кардам. Дасту ангуштонаш он қадар моҳирона ва нозукона ва эҳтиёткорона кор мекарданд, ки соҳибони ҷайбҳо ба ҷуз он ки як дилбари хушсимову хушқаде аз паҳлуяшон мегузарад, чизи дигареро пай намебурданд. Ман, ки то андозае бо ҷаҳони ин тоифа одамон шинос ҳастам, маҳорату чолокии ин духтар он қадар ҳайратзадаам карда буд, ки гӯиё сеҳрам карда бошанд, такон намехӯрдам. Дастони ӯ мисли сеҳргарон бо чолокии бо чашм диданашаванда кор мекарданд. Гӯиё касе ӯро мегуфта бошад, ки кадом ҷайб серпул аст, дар назди соҳиби ҳамон ҷайб ҳамагӣ 5-6 сония таваққуф мекарду мегузашт. Духтар то назди дари дуввуми автобус расида бошад ҳам, сару садои касе баланд нашуд. Ин бозгӯи он буд, ки вай дар чобукиву чолокӣ ва эҳтиёткорӣ ҳамто надорад ва мактаби қавиеро гузаштааст.

Автобус ба маркази тиҷоратии “Мардон” наздик шуд ва духтар аз автобус поин омад. Вай оромона бо хиромиданҳои ба ҳусну ҷамол ва қомати расояш зебанда аз назди автобус дур рафт. Аз тарзи рафтор ва ҳолаташ маълум буд, ки ин бегоҳ “шикор”-аш дар ин автобусе, ки ба самти ду бозори калон, яке “Гипрозему”-у дигар “Корвон” ҳаркат мекунад, хеле бобарор будааст.

Чанде соҳибони ҷайбҳои холишуда аз тирезаи автобус бо ҳавас ба ӯ нигоҳ мекарданд. Ман, ки баробари дохили автобус шудани духтар ҳамроҳони ҳузарбашро дида будам ва аз тарси онҳо натавонистам ягон кисадорро аз ҳадафи ин нозанини кисабур огоҳ созам, худамро маломаткунон аз автобус пиёда шудам.

Аз ин ҳодиса расо як сол гузаштааст, вале ман он чеҳра ва он дастони чобукро фаромӯш карда наметавонам. Баъдан, аз чанд нафар дар бораи он зебосанами кисабур нақлҳо шунидам. Масалан, дар ятимхона калон шудааст. Ду бор зиндонӣ шудаву авф гардидааст, ҷойи зист ва номашро зуд-зуд иваз мекунад ва боз чизҳои дигар...

Вале ҳар бор ман чеҳраи ӯро ба ёд меорам, худ ба худ фикр мекунам, ки агар ин духтари зебо дар як хонаводаи муваффақ ба дунё меомад, таҳсил мекард ё ҳунареро аз худ мекард, бо ин ақли расо ва чобукиву кордониаш шояд чӣ қадар нафъе ба мардуму ҷомеа мерасонд. Шояд ҳамсари беҳтарин,модари арзандае мешуд. Вале афсӯс, афсус.

Ба ёдам меояд, ҷое хонда будам, ки “Соня-золотая ручка” дар як мусоҳибааш бо як маҷаллаи қадимае аз ҷумла гуфтааст, ки “Зиндагӣ бароям модарандар буду ботлоқи пур аз наҷосати ҷомеа манзилам. Ҳамроҳону ҳаммаслакони ман мансабдорону курсинишинонанд, ки бонкҳо дигар тавони ғунҷонидани пулҳои дуздиашон аз мардуми бечораро надоранд. Лекин ҳайронам, ки чаро пулис маро мекобаду онҳоро не.”

Шӯҳрат, сокини Душанбе

Масъули гӯша: Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG