Пайвандҳои дастрасӣ

Роза Отунбоева аз ҷомеа узр хост


Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон аз ҷомеа узр хост, ки натавонистааст, аз муноқишаҳои хунини миёни ӯзбаку қирғизҳо ҷилавгирӣ кунад. Ҳангоми суханронӣ дар порлумон, қабл аз гузоштани масъулиятҳояш ӯ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, “аз ақлу заковату ҷасорати миллати Қирғизистон ифтихор мекунад, аммо дигарбора узр мехоҳад, ки натавонистааст, монеъи хунрезӣ шавад.” Дар низоъҳои қавмии моҳи июни соли гузашта дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод бештар аз 400 нафар ва аксаран ӯзбакҳо кушта шуданд. Дар он замон Роза Отунбоева, раҳбари муваққатии ҳукумати Қирғизистон буд.
XS
SM
MD
LG