Пайвандҳои дастрасӣ

Густариши фавқуллодаи СПИД дар ду минтақаи ҷаҳон


Дар рӯзи 1 декабр, рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти бадан, Созмони Милал гуфт, ин беморӣ ба суръати фавқуллодае дар кишварҳои Аврупо Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ доман мезанад. Ба гуфтаи созмон, сирояти бемории мазкур нисбат ба соли 2001 250 маротиба бештар шудааст ва аксарияти беморон дар ду кишвар Русияву Украина сабт мешаванд. Муассисаи масъули мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти бадан ва ё СПИД дар Созмони Милал мегӯяд, як роҳи аслии густариши беморӣ ҳамчунон истифодаи маводи мухаддир бо сӯзандору аст. Дар Тоҷикистон низ теъдоди гирифторони вируси норасоии масунияти бадан солҳои ахир афзуда тақрибан ба 3400 нафар расидааст.
XS
SM
MD
LG