Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаракати Тоҷикистон ба сӯи боло, вале ..


Созмони ғайридавлатии “Шаффофияти Байналмилал” мегӯяд, фасоди рӯзафзун дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ҷаҳон ба шаклгирии тазоҳуротҳои бесобиқаи мардумӣ кӯмак кардааст. Созмон шохиси нави фасод дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2011-ро рӯзи чаҳоршанбе нашр кард, ки дар он аз миёни 182 кишвари ҷаҳон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар зинаҳои поёнтарини ин шохис қарор доранд. Тоҷикистон дар мақоми 152 –ум аст ва ду зина болотар аз соли гузашта аст, ки ҷои шоистаи таҳсин ҳам нест. Миклош Маршал, муовини иҷроияи раиси Созмони Шаффофияти Байналмилал доир ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯяд: "Воқеан вазъ дар кишварҳое ба мисли Ӯзбакистону Туркманистон торик аст, ки посухгӯӣ дар онҳо ба сахтӣ дида мешавад ва доираҳои ҳукмрон ҳеҷ посухгӯ нестанд. Дар он кишварҳо мухолифони сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ, матбуоти озод дида намешавад ва ин кишварҳо ҷомеаҳои комилан пӯшида ҳастанд, ки ҳеҷ беҳбудӣ дар онҳо дида намешавад." Созмони Шаффофияти Байналмилал мегӯяд, сабаби қиёмҳои мардумии мавсум ба “Баҳори Араб” фасоди густарда дар ниҳодҳои давлатии кишварҳои арабӣ будааст. Созмони Шаффофияти Байналмилал, кишварҳои скандинавӣ ва Зеландияи Навро аз кишварҳои покизатарин аз фасод хондааст.
XS
SM
MD
LG