Пайвандҳои дастрасӣ

"Транспаренси Интернешнл" фасоди афзун дар Тоҷикистонро ба кундии раванди иҷрои қавонин марбут донист.

Тоҷикистон дар гузориши нави созмони “Транспаренси Интернешнл” ду зина боло рафта, дар ҷои 152 аст. Созмони Transparency International дар гузориши нави худ, ки мизони фасод дар 182 кишвари ҷаҳонро “чен” кардааст, Тоҷикистонро дар мақоми 152-юм қарор дода, ки аз соли гузашта ду зина болотар аст.

Transparency International мустақил набудани додгоҳҳо, ба иҷро нарасидан ё кундии раванди иҷрои қавонин ва дар дасти як гурӯҳ қарор доштани қудратро аз омилҳои аслии густариши фасод дар Тоҷикистон хондааст.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо чунин натиҷагирии созмони “Транспаренси Интернешнл”-ро рад карда ва гуфтаанд, ки фасод дар ин кишвар ба он ҳадде нест, ки созмони Transparency International нишон медиҳад. Аммо акнун Сӯҳроб Шарифов, мудири Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, дар воқеъ фасод ё коррупсия ҳамчунон яке аз хатарҳои аслӣ ба амнияти миллӣ маҳсуб мешавад. Бо вуҷуде, ки мегӯяд, оқои Шарифов, ахиран давлати Тоҷикистон ва ниҳодҳои зирабти он бо ҷиддияти бештаре ба фасод бархӯрд мекунанд.



Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

Ӯ мегуяд, таъсиси Шӯрои ҷамъиятии мубориза бо фасод дар назди сарвазир, баргузории таҳқиқоти мухталиф дар ин замина ва барномаҳои хоси ниҳодҳои марбута, тағйир дар шеваи бархӯрди мақомот бо мушкилоти коррупсия далели таҷаҷҷӯҳи бештари давлат ба ин масъала мебошад. Оқои Шарифов мегӯяд, “Маркази таҳқиқоти стратегӣ борҳо гуфта буд, ки коррупсия хатари ҷиддӣ ба амнияти миллии Тоҷикистон мебошад. Ва ҳамин тавр ҳам шуда истодааст ва ҳаст. Агар мо бо ҳамҷоягии ҷомеа, аҳзоби сиёсӣ ва расонаҳо аз як гиребон сар набарорем, бо ин зуҳуроте, ки шаъну шарафи мо ва давлати моро паст мекунад, мубориза бурда наметавонем.”

Гуфтанист, тобистони соли ҷорӣ Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон пажуҳишеро анҷом дода буд, ки бар пояи он мизони фасод ва ришва дар кишвар дар чаҳор соли ахир аз се то чаҳор маротиба боло рафтааст. Оқои Шарифов афзуд, таҳқиқоти дигаре дар мавриди фасод дар Тоҷикистон аз тарафи коршиносони Маркази таҳқиқоти стратегӣ анҷом шуда, ки то як ҳафтаи дигар муаррифӣ хоҳад шуд.


Дар ҳоле аз афзоиши мизони фасод дар Тоҷикистон тавассути як созмони байнулмилалӣ гузориш мешавад, ки мубориза бо фасод чанд сол ба ин сӯ дар садри барномаҳои давлат қарор дорад ва ҳамчунин ба ин манзур ба изофаи ниҳодҳои дигар Оҷонси мубориза бо коррупсия низ таъсис шуда ва амал мекунад. Иллати ҳамчунон густариши фасод дар Тоҷикистон дар чист? Омилҳои мухталифе аз сӯи таҳлилгарон баршумурда мешаванд, аммо ба як нукта, ки дар гузориши “Транспаресни интернешнл” ишора шудааст, аксари коршиносон дар Тоҷикистон низ эътиқод доранд ва он ҳам тамаркузи се шохаи қудрати давлатӣ дар дасти як гурӯҳ аст.

Амнияти Абдулназар

Амнияти Абдулназар

Амнияти Абдулназар, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “кишваре, ки худкома аст, дар он ҷо фасод аслан рушд меёбад, на ин ки заиф мешавад. Барои ин мутамаинам, ки дар Тоҷикистон фасодкорӣ зиёд шудааст. Ба он хотир ки назорати ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва порлумон аз болои ниҳодҳо вуҷуд надорад.”

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, мизони густурдагии фасод дар ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳадде боло рафтааст, ки аз имкони назорати як Оҷонси мубориза бо фасод бар вазъият хориҷ аст. Давлатмурод Ҷумъаев, раиси Анҷумани рушди соҳибкорӣ, мегӯяд, як далели густариш ёфтани фасод болоравии нархҳо дар бозор аст. Ва далели номуваффақии мақомот ҳам дар амри мубориза бо фасод, ихтиёри нокофӣ ва шеваҳои номуносиби мубориза бо ин мушкил мебошад.

Ба назари таҳлилгарон, як мушкили дигари фасод ва густариши он мавҷуд набудани иродаи сиёсӣ барои мубориза бо ин зуҳурот аст. Далели он ҳам ин аст, ки Оҷонси мубориза бо фасод дар солҳои ахир бархе аз вазоратхонаҳои кишварро ба унвони фасодзадатарин ниҳод эълон карда буд. Аммо вақте расонаҳо айни ҳамин хабари оҷонсиро нашр карданд, додгоҳ онҳоро барои тӯҳмат ба вазорат маҳкум кард. Ин амр ба гуфтаи таҳлилгарон иродаи мақомоти сиёӣ барои мубориза бо фасодро заиф нишон медиҳад ва баёнгари тарҷеҳ додани робита бар зобита ва ё манфиати гуруҳӣ ба амри қонун аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG