Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор медали гуштигирони тоҷик дар Ҳелсинки


Баҳодур Қодиров, варзишгари тоҷик

Баҳодур Қодиров, варзишгари тоҷик

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод дар шаҳри Хелсинкии Финляндия чаҳор медал ба даст оварданд.

Дар сабқати навҷавонон Баҳодур Қодиров дар вазни то 76 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Вай бар рақибонаш аз Эстония, Финляндия ва Беларус ғолиб омад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири Русия мағлуб гашт.

Баҳодур Қодирови 18-сола, барандаи медали нуқраи нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ман донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов мебошам. Аз соли 2005-ум ба гуштии озод машғулам. Таҳти раҳбарии устодам Абдурозиқ Олимов машқ мекунам. Орзу дорам, ки дар оянда дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ва Бозиҳои олимпӣ ширкат карда, муваффақ шавам."

Паҳлавони дигари тоҷик Абдурашид Ғуломов, ки дар сабқати навҷавонон дар вазни то 100 килограмм мақоми севумро касб кард, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар сабқати бузургсолон Рустам Рамазонов дар вазни то 60 килограмм ва Фарҳод Анақулов дар вазни 120 килограмм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG