Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳалқаи қочоқи занон ба Амрико шикаста шуд


Мақомоти интизомии Амрико мегӯянд, ҳалқаи як гурӯҳи мафиёиро шикастаанд, ки занонро дар Русия ва кишварҳои дигари Аврупои Шарқӣ бо фиреб ба доми худ медаровард ва онҳоро ба Нию Йорки Амрико меовард. Ин занон дар клубҳои ин шаҳр нимаурён ё урён рақс мекарданд. Бино ба гуфтаи мақомот, 20 нафар барои чунин фаъолият муттаҳам шинохта шудаанд. 7 нафари онҳо узви гурӯҳҳои ҷиноӣ будаанд. Дар миёни боздоштшудагон аъзои хонаводаи Гамбино ва Боннано низ будаанд, ки гурӯҳи ҷинояткор мебошанд. Ин гурӯҳ дар Русия ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ занонро афсун мекарданд ва бо арӯсиҳои дуруғин дар Амрико ё ба ақди никоҳи шаҳрвандони Амрико даровардани чунин занон онҳоро ба Амрико интиқол медоданд. Сипас ин занонро дар клубҳо ва ҷойҳои вақтхушӣ ба хидмат мегуморданд.
XS
SM
MD
LG