1-декабр Рӯзи ҷаҳонии AIDS ё СПИД аст. Дар робита бо ин рӯз таваҷҷуҳро бори дигар ба тадобире ҷалб мекунанд, ки аз хатари густариши бемории СПИД пешгирӣ мекунад. Дар иттилоияе, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мунташир сохтааст, гуфта мешавад, ки дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ин беморӣ хеле афзоиш ёфтааст. Аз соли 2001 то соли 2010 СПИД дар ин ҷо 250 дарсад афзоиш ёфтааст. 90 дарсади афзоиш фақат ду кишвар Русия ва Украинаро дар бар мегирад. Дар Тоҷикистон низ афзоиши шумораи беморони СПИД мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВИЧ СПИД-и Тоҷикистон, шумораи расмии сироятёфтагони ин беморӣ дар шаш моҳи соли 2010 беш аз 500 нафар афзуда ҳудудан ба 3400 нафар расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар авохири соли 2010 шумораи сироятёфтагон 2857 нафарро ташкил медод. Аммо коршиносон мегӯянд, инҳо нафаронеанд, ки расман аз ташхис гузашта сабти ном шудаанд. Дар асл теъдоди воқеъии сироятёфтаҳо даҳ маротиба бештар аз омори расмист.