Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Арманистон фақр нисбат ба ду соли пеш афзоиш ёфтааст


Дар соли 2010 шумораи аҳолие, ки дар Арманистон дар фақр ба сар бурдааст, нисбат ба соли 2008 бештар будааст. Хадамоти омори миллии ин кишвар гузориш додааст, ки соли 2010 ҳудуди 1,2 миллион нафар, яъне тақрибан 36 дарсади аҳолӣ дар фақр ба сар бурдаанд ва даромади онҳо камтар аз 90 доллар будааст. 90 доллар таъйинкунандаи хати фақр дар ин кишвар шинохта шудааст. Дар соли 2008 ин нишондод 270 ҳазор нафар камтар будааст.
XS
SM
MD
LG