Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО мегӯяд, Покистон баъзе ҳамкориҳоро оғоз кардааст


Генерал Карштен Якобсон

Генерал Карштен Якобсон

Паймони НАТО мегӯяд, баъд аз ҳамлаи нируҳои НАТО ва куштори 24 сарбози покистонӣ дар марз бо Афғонистон ҳоло Покистон бо НАТО баъзе ҳамкориҳоро оғоз кардааст. Карштен Якобсон-генерали олмонӣ ва сухангӯи нируҳои НАТО гуфт, Исломобод бо ин паймон вориди тамос шудааст, то аз тирандозиҳои ҷонибҳо дар марз ҷилавгирӣ шавад. Шоми рӯзи сешанбе чунин тирандозӣ рух додааст ва ҷонибҳо талош кардаанд он ба моҷарои байналмиллалӣ табдил нашавад.
XS
SM
MD
LG