Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон: Отунбоева рафт, Атамбоев омад


Роза Отунбоева дар охирин суханронии худ дар мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон ба таври ошкоро маъзарат хост, ки дар ин мақом натавонистааст аз даргириҳои маргбори соли гузашта пешгирӣ кунад. Дар охирин рӯзи раёсати худ вай зимни суханонаш дар порламон гуфт: “Ман воқеан аз қаҳрамониву хиради мардуми Қирғизистон ифтихор мекунам, вале мехоҳам бахшиш пурсам, ки натавонистам аз хунрезӣ пешгирӣ кунам”. Соли гузашта дар даргириҳои қавмии қирғизҳо ва узбакҳо дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод бештар аз 400 нафар ба қатл расиданд. Отунбоева 20 моҳ раҳбарии Қирғизистонро бар ӯҳда дошт. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 30 октябр нахуствазир Алмасбек Атамбоев бо 63 дарсади оро пирӯз шуд. Фаъолияти Атамбоев дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ имрӯз оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG