Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус 2 нафарро барои бамгузорӣ маҳкум ба эъдом кард


Дмитрий Канавалов ва Владимир Кавалёв
Дмитрий Канавалов ва Владимир Кавалёв
Дирӯз додгоҳи Беларус ду мардеро барои бамгузориҳои 11 апрели соли ҷорӣ дар метрои шаҳри Минск ба муҷозоти эъдом маҳкум кард. Дар ин бамгузорӣ 15 нафар кушта шуда буданд. Додгоҳ эълон кард, ки ин ду нафар Дмитрий Канавалов ва Владимир Кавалёвдар бамгузории соли 2008 низ даст доштаанд. Он вақт касе ба ҳалокат нарасида буд. Канавалов ва Кавалёв ҳар ду 25 сола мебошанд ва баъд аз се рӯзи бамгузорӣ боздошт шуда буданд. Режими Александр Лукашенко билофосила эълон карда буд, ки ҳадафи бамгузорон роҳ андохтани беназмиҳо дар кишвар будааст. Вале мухолифони давлат шак доранд ва мегӯянд, ки ин ду нафарро пулиси махфии Лукашенко омода карда буд. Фаъолони ҳуқуқи башар аз мақомоти Беларус дархост кардаанд, ки муҷозоти эъдомро лағв кунад. Беларус ягона кишваре дар Аврупо мебошад, ки тибқи қонун муҷозоти эъдом амал мекунад.
XS
SM
MD
LG