Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдорони Ҷиоева хостори лағви қарори Додгоҳи олиянд


Имрӯз дар шаҳри Схинвалӣ гирдиҳамоии тақрибан 7 ҳазор ҷонибдорони номзад ба мақоми президентии Осетияи ҷанубӣ Алла Ҷиоева бо талаби лағви қарори Додгоҳи олии кишвар баргузор шуд.

Айни ҳол Алла Ҷиоева дар бинои ҳукумат аст ва, ба иттилои Интерфакс, ҳама интизори ба шаҳр омадани намояндаи маъмурияти раисиҷумҳури Русияанд.

Дар ҳамин ҳол вазорати умури хориҷии Русия изҳор намуд, ки Маскав ба вазъ дар Осетияи ҷанубӣ дахолат карданӣ нест.

Имрӯз дар мулоқот бо Эдуард Кокойта, раҳбари феълии Осетияи ҷанубӣ, Алла Ҷиоева аз ӯ талаб кард, ки дар ивази дахлнопазирии худаш ва аҳли хонаводааш қарори Додгоҳи олии кшварро лағв кунад.

Бар пояи иттилоъи пешакии Комиссиюни марказии интихобот, Ҷиоева назар ба рақибаш аз ҳизби ҳоким Анатолий Бибилов 16 дар сад бештар раъйҳоро соҳиб шудааст. Ва аммо Додгоҳи Олӣ бо далели ошкор шудани қонуншиканиҳо натоиҷи интихоботро лағв намуд.

Субҳи имрӯз Алла Ҷиоева худро раисиҷумҳури Осетияи ҷанубӣ эълон кард.
XS
SM
MD
LG