Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар Тараз


Кормандони полиси Қазоқистон шаш гумонбари ҳамлаи терорристии авоили ҳамин моҳ дар шаҳри ҷанубии Таразро боздошт карданд.

Нурдавлат Суиндиқов, намояндаи расмии Додситонии кулли Қазоқистон имрӯз дар шаҳри Остона ба хабарнигорон гуфт, ки миёни дастгиршудагон раҳбари рӯҳонии гурӯҳи террористӣ низ аст. Ба гуфтаи Суиндиқов, раҳбари гурӯҳ зердастонашро барои ҷиҳод ва ҳамлаву куштори кормандони полис таҳрик медод.

Бар асари тирпарронӣ ва таркиш дар шаҳри Тараз ҳафт нафар, аз ҷумла, панҷ корманди амниятиву полис кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилои Додситонии кулли Қазоқистон, муҷрими аслии ҳодиса Қориев 34 сол дошт. Ӯ дар фарҷоми бархӯрд бо кормандони полис худро тарконида буд.
XS
SM
MD
LG