Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро Искандаров афв нашуд?


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистон

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистон

Интизории наздикони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба озодии ӯ дар ҷараёни "афви тилоӣ" бароварда нашуд.

Ахиран Фирӯз Искандаров, писари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистон тариқи расонаҳо номае интишор кард, ки бар пояи он, Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҳанӯз дар тарърихи 30 марти соли равон аз мақомоти Тоҷикистон хостори дар давоми 6 моҳ озод кардани падараш ва ё баррасии парвандаи ӯ бо ширкати намояндаи ин ниҳоди СММ шудааст.

Фирӯз Искандаров ба Радиои «Озодӣ» гуфт, бо гузашти 8 моҳ, Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро пеши ниҳоди мазкури СММ иҷро накардааст: «Аз ин сабаб ман нома навиштам ба мақомоти додгоҳӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи дохиливу байнулмилалӣ, сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ, бахусус Амрико, Бритониё, Олмон ва расонаҳои Тоҷикистон, ки ба озодии падарам ё баррасӣ кардани хулосаи Кумиссиариати олии ҳуқуқи башари СММ мусоидат кунанд.»


Ҳамчунин Кумитаи ҳуқуқи башари СММ шаш моҳ пеш аз мақомоти Тоҷикистон хостори авфи 6 нафар шуда буд. Бар пояи Қонуни афви соли ҷорӣ, аз ин теъдод, се нафар, аз ҷумла яке аз афроди наздик ба Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги мухолифи ҳукумат озод шудаанд, аммо се нафари Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ

дигар, ба шумули Садриддин Тошев, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифин, ки ҳоло бо нишони эътироз дар маҳбас даст ба гуруснанишинӣ задааст, бо вуҷуди дархости кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз силаи раҳми ин қонуни афв канор мондаанд. Тоҷикистон Паймони ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ҳанӯз соли 1998 тасвиб карда буд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили Садриддин Тошев мегӯяд, ҳар кишвари узви СММ ӯҳдадор аст, ки ин паймонро риоя ва талаби созмонро иҷро намояд. Вай афзуд, аммо бо гузашти моҳҳо, ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон ба талаботи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи СММ эътибор намедиҳанд: «Оянда СММ ин ҳамаро таҳлил мекунад ва албатта, аз Тоҷикистон мепурсад, ки чаро шумо ин паймонро имзо кардед, аммо иҷро намекунед. Ҳол он, ки баробари имзои ин созишномаҳо ба Тоҷикистон ба даст овардани маболиғи ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ боз мешавад ва онҳо мегӯянд, ки шумо давлати демократӣ ҳастед ва ин маблағҳоро гирифта, барои беҳбуд бахшидани қонунгузориатон ё бартараф кардани ягон мушкили дигар харҷ кунед.»

"НИҲОДҲОИ ХОРИҶӢ ТАНҲО САЛОҲИЯТИ ТАВСИЯ ДОДАН ДОРАНД"

Аммо Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар танҳо салоҳияти додани тавсияро Маҳмадалӣ Ватанов, вакили МН

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили МН

доранд: «Онҳо метавонанд як парвандаро баррасӣ карда, назари худро дар бораи он бигӯянд, яъне метавонанд тавсия диҳанд. Аммо баровардани қарор ба салоҳияти онҳо нест, балки ба салоҳияти мақомоти болоии судии Тоҷикистон аст.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти додгоҳии Тоҷикистон ахиран дар байни 14 рӯз тавонистанд ҳукми халабонҳои рустабори як ширкати хориҷиро ҳам содир намоянд, ҳам коҳиш диҳанд ва ҳам онҳоро афву озод кунанд. Коршиносон мегӯянд, ин қазия дар натиҷаи фишорҳои густарда ва рӯйрости мақомоти Русия ба нафъи халабонҳо анҷом ёфт, аммо СММ чунин аҳромҳои фишорро сари Тоҷикистон надорад.

ОЁ ДОДГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН МУСТАҚИЛ ҲАСТАНД?

Ҳуқуқдон Толиби Сангин мегӯяд, ҳар гуна фишор аз хориҷ сари додгоҳ қобили қабул нест: «Вақте, ки таҳти фишори мақомоти дохиливу хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ адолати судӣ барқарор мешавад, ин адолати судӣ нест. Ин адолати дар зери фишор амалишуда аст. Ҳама гуна фишор ба суд қабул нест. Суд бояд мустақилона ҳукм кунад.»

Аксари коршиносон бар ин иттифоқи назар доранд, ки адолати додгоҳӣ бояд тариқи додгоҳҳои Тоҷикистон амалӣ шаванд, на ниҳоду мақомоти хориҷӣ, аммо то замони дар тобеияти ҳукумати иҷроия будани додгоҳҳо, ҳар гуна фишору талабро дар ин замина бояд мунтазир шуд.

Ҳам кишварҳои хориҷӣ ва ҳам созмонҳои байнулмилалӣ бар ин мутмаин шудаанд, ки додгоҳҳои Тоҷикистон мустақил нестанд. Ва қазияи халабонҳо бар ин итминон бидуни шакк хеле афзуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG