Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби озодӣ ва адолат пешсафи интихобот дар Миср аст


Қоҳира боз ба саҳнаи бархӯрдҳо табдил шуд

Қоҳира боз ба саҳнаи бархӯрдҳо табдил шуд

Дар марҳалаи аввали интихоботи парлумонии Миср, бар пояи иттилои ғайрирасмӣ, Ҳизби исломии озодӣ ва адолат пешсаф аст.

Ин ҳизб аз ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” намояндагӣ мекунад, ки фаъолияташ замони қудрати Ҳуснӣ Муборак мамнӯъ эълон шуда буд. Гуфта мешавад, ки Ҳизби озодӣ ва адолат то 40 дар сади раъйҳоро соҳиб хоҳад шуд.

Интихобот ба ҳарду палатаи парлумони Миср дар чанд марҳала мегузарад ва моҳи марти соли оянда поён меёбад. Қарор аст, ки баъд аз он раисиҷумҳури Миср интихоб шавад.

Рӯзҳои аввали раъйдиҳӣ дар Миср оромӣ ҳукмфармо буд ва аммо ахиран дар Қоҳира боз бархӯрдҳо ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар онҳо тақрибан 80 нафар осеб диданд.
XS
SM
MD
LG