Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷримони таркиш дар метро ба эъдом маҳкум шуданд


Дмитрий Коновалов

Додгоҳи Олии Белорус имрӯз Дмитрий Коновалов ва Владислав Ковалев, муттаҳамон дар такшили таркиш дар метрои шаҳри Минскро ба эъдом маҳкум кард.

Бар асари таркиш дар истгоҳи метрои «Октябрская», ки 11 апрели соли равон ба вуқӯъ пайваст, 15 нафар кушта ва тақрибан 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бар пояи иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, онҳо дар таркишҳои қаблӣ дар шаҳрҳои Витебск ва Минск ҳам даст доранд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Белорус мегӯянд, ки гуноҳи Коновалов ва Ковалев собит нашудааст ва парвандаи онҳо бояд ба таври иловагӣ таҳқиқ шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG