Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия алайҳи Сурия таҳримҳо ҷорӣ намуд


Аҳмад Довудоғлу

Аҳмад Довудоғлу

Анқара дар бораи мунҷамид сохтани ҳама ҳисобҳои бонкӣ ва қоғазҳои гаронбаҳои давлатии Сурия дар қаламрави Туркия тасмим гирифт. Ҳамчунин интиқоли ҳама гуна силоҳ ба Димишқ манъ шудааст.

Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, дар бораи ин иқдоми Анқара хабар дод ва афзуд, ки раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва ҳукумати ӯ бо идомаи саркӯбсозии мухолифин қонунияти худро аз даст додаанд.

Аз ин пеш Лигаи кишварҳои араб ҳам алайҳи Димишқ таҳримҳо ҷорӣ кард ва ҳисобҳои бонкии ҳукуматро мунҷамид сохта, барои баъзе мақомдорони Сурия режими раводид ҷорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG