Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Ҷиоева хостори нашри натоиҷи интихобот шуданд


Дар шаҳри Схинвалӣ тақрибан 2 ҳазор ҷонибдорони номзад ба мақоми президентии Осетияи ҷанубӣ Алла Ҷиоева дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омада, хостори эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ шуданд.

Кормандони ҳифзи тартибот гуфтанд, ки агар намоиш осоишта бошад, онро пароканда нахоҳанд кард.

Бар пояи иттилоъи пешакии Комиссиюни марказии интихобот, Ҷиоева назар ба рақибаш аз ҳизби ҳоким Анатолий Бибилов 16 дар сад бештар раъйҳоро соҳиб шудааст. Ва аммо Додгоҳи Олӣ бо далели ошкор шудани қонуншиканиҳо натоиҷи интихоботро лағв намуд.

Субҳи имрӯз Алла Ҷиоева худро раисиҷумҳури Осетияи ҷанубӣ эълон кард.
XS
SM
MD
LG