Пайвандҳои дастрасӣ

Лоран Гбагбо дар Додгоҳи Ҳейг муҳокима мешавад


Лоран Гбагбо

Лоран Гбагбо

Сарвари пешини кишвари африқоии Соҳили Оҷ Лоран Гбагбо ба Ҳуланд интиқол ёфт – ӯ барои хушунат дар ин кишвар баъд аз интихоботи президентӣ дар моҳи ноябри соли гузашта дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Ҳейг муҳокима хоҳад шуд.

Баъд аз бохт дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Гбагбо барои ба ҳарифаш Алассан Уаттар интиқол додани қудрат сарпечӣ кард, ки ин ба даргирии мусаллаҳона печид ва дар он дасти кам се ҳазор нафар кушта шуданд.

Низоъ моҳи апрели соли равон баъди он хатм шуд, ки ҷонибдорони Уаттар бо кӯмаки нерӯҳои фаронсавӣ Гбагборо боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG