Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониёвиҳо алайҳи ислоҳоти нафақа эътироз мекунанд


Имрӯз дар Бритониё бузургтарин дар 30 соли ахир коршикании кормандони муассисаҳои давлатӣ баргузор мешавад.

Қарор аст, ки тақрибан 2 миллион муаллимон, табибон, сӯхторнишонҳо, хизматчиёни идораҳои давлатӣ, ҳатто пешхизматҳои тарабхонаи парлумону кормандони осорхонаҳо ва кормандони идораи ҳавосанҷӣ алайҳи боло бурдани синни нафақа ё бознишастагӣ 24 соат коршиканӣ кунанд.

Нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон ин коршиканиро "гоми бемасъулиятона" номид ва аз итиҳодияҳои синфӣ даъват кард, ки музокиротро бо ҳукумат идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG