Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: ИМА ба даври нави ҳамкорӣ бо Ироқ омода аст


ИМА ба ваъдаи худ дар мавриди хуруҷи нерӯҳояш аз Ироқ вафо кард ва барои марҳалаи нави ҳамкорӣ бо Ироқ чун кишвари мустақилу баробарҳуқуқ омода аст.

Ин изҳороти Ҷо Байден, нойиби президенти Амрико, имрӯз дар Бағдод садо дод. Байден имрӯз бо як сафари қаблан эълоннашуда вориди Ироқ шуд ва бо нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ мулоқот кард.

Тибқи созиши ҳосилшуда, ҳама низомиҳои амрикоӣ то охири ҳамин сол бояд хоки Ироқро тарк намоянд.
XS
SM
MD
LG