Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Тоҷикистон аз қатли муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Юрий Попов

Юрий Попов

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар кишвар Юрий Поповро даъват кард, то нигаронии Душанбе аз қатли шаҳрвандони Тоҷикистон Бахтиёр Расулов ва Зокир Қурбонқуловро баён намояд.

Дар сӯҳбат бо дипломати рус ин ду куштор паёмади ҳангома ва ҳаёҳӯе арзёбӣ шуд, ки расонаҳои Русия ва баъзе аз афроди саршиноси ин кишвар алайҳи муҳоҷирони тоҷик баъд аз ҳукми шаҳри Қӯрғонтеппа дар баробари халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД роҳандозӣ карданд.

Душанбе хостори қатъи нашри матолибу баёнияҳои зидди муҳоҷирони тоҷик шуд ва аз Маскав талаб кард, ки омилони қатли ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва муҷозот кунад.

Сафири Русия Юрий Попов изҳор намуд, ки Маскавро бо мӯҳтавои ин сӯҳбат огаҳ мекунад ва аз ҷараёни таҳқиқи қазияи куштори муҳоҷирони тоҷик ба ҷониби Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Имрӯз Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, низ қатли ваҳшиёнаи Бахтиёр Расулов дар Русияро шадидан маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG