Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) беҳтаринҳои соли 2011-умро бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд.

Маросими мукофотсупорӣ дар меҳмонхонаи «Growne Plaza»-и Лондон, ки мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 мебошад, баргузор шуд.

Дар ин маросим президенти AIBA Чинг-Куо Ву, аъзои кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Лондон-2012 ва намояндагони баъзе аз федератсиюнҳои миллӣ, минҷумла Тоҷикистон, ширкат доштанд.

Ба иттилои Федератсиюни бокси Тоҷикистон, варзишгари тоҷик Асрор Воҳидов бо ҷоизаи “Беҳтарин муштзани ҷавони сол” мукофотонида шуд.

Мухаммадрасул Маҷидов, узви дастаи мунтахаби бокси Озарбойҷон, бо ҷоизаи “Беҳтарин муштзани сол” сарфароз гашт. Ӯ қаҳрамони имсолаи ҷаҳон дар вазни беш аз 91 килограмм мебошад.

Инчунин ҷоизаи «Беҳтарин мураббии сол ба Дмитрий Сосновский (Укроин) ва ҷоизаи «Беҳтарин довари сол» ба Майкл Галлахер (Ирландия) супурда шуданд.

Ёдовар мешавем, Асрор Воҳидов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасон, ки моҳи июли соли равон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона баргузор шуда буд, дар рақобатҳо дар вазни то 48 килограмм бо медали тилло мукофотонида шудааст.

Асрор, инчунин, дар риштаи муҳорибаи тан ба тан низ соли гузашта ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон мушарраф гашта буд. Устоди дараҷаи байналмилалӣ Асрор Воҳидов хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи рақами 6-и шаҳри Исфара мебошад.



Дар комёбиҳои Асрори 15-сола саҳми устодаш Додобек Фатҳуллоев, мураббии варзидаи бокс, мудири мактаби варзишии кӯдакону наврасони захоири олимпии рақами 2-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд, арзанда аст.

Ба гуфтаи устодаш Асрор дар риштаи бокс ҳамагӣ 55 қувваозмоӣ карда, бар ҳамаи рақибонаш дастболо шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG