Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз нимирӯзӣ Тоҷикистон ҳукумат надорад?


Бинои вазорати молияи Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)
Бинои вазорати молияи Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)

Корафтодаҳо, вакилон ва ҳатто худи раисиҷумҳур гуфтаанд, баъд аз зӯҳр вазирону раисони идораҳо "ғайб мезананд".

Ба қавли корафтодаҳо, пас аз нимирӯзӣ масъулони аввал ва дувуми бархе аз вазорату идораҳои давлатиро намешавад пайдо кард. Ба ҷои онҳо ё котибаҳо ва ё ёваронашон посух медиҳанд. Кор ба ҷое кашидааст, ки гӯшии телефони хоси чаҳоррақама ё, ба истилоҳ, "сотка"- и вазиронро низ котибаҳо мебардоранд.

ЯК НАМУНА...

“Ҷаноби вазир дар дастгоҳи президент дар ҷаласаи ҳукумат ҳастанд. Шояд ду соат ин ҷаласа давом кунад, шояд чор соат, унаша президент медонад, ман намедонам....”

Ин сӯҳбат дар аввали ҳамин ҳафта буд, вале дар ҳар ҳафтаи дигар низ аз идораҳои давлатӣ метавон айни посухро гирифт. Агар нимаи аввали рӯзро аз даст додед, бидонед, ки баъди пешин дар бисёри идораҳои давлатӣ нафари аввалеро, ки кори шуморо буд кунад, пайдо намекунед. Даромадгоҳи ҳар вазорат ва идораи давлатӣ навиштаҷоте дорад, ки дар он рӯзу соати кори вазорат ва соатҳои қабули раҳбар сабт шудаанд. Аммо кам иттифоқ меафтад, ки вазиру раҳбарро дар ин соатҳо дар идора пайдо кунӣ. Агар як вақтҳо “вазир ба Кумитаи Марказӣ рафтааст” мӯд буд, ҳоло баҳонаи “вазир дастгоҳ рафтааст” мӯд шудааст.

Мо зимни таҳқиқи ин мавзӯъ тайи як ҳафта пайи ҳам баъд аз зӯҳр ба чандин вазоратхона сар задем. Аммо на вазир буду на кабир, танҳо як-ду корманд он ҷо буданд, ки мегуфтанд, салоҳияти ҳалли масъалаҳои муҳимро надоранд. Дар ҳар идора мисле ки дар замони бюрократияи Шӯравӣ роиҷ буд, ба мо машварат медоданд, ки пагоҳ биёем ва ҳатман аз сари субҳ.

"...РАИС ДАР ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТ АСТ..."

Эраҷ Амон, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ки чанде пеш баъд аз талошҳои батакрор ба ӯ муяссар шуд, барои дарёфти санаде дар вазорати иқтисод вақт бигирад. Аммо бо вуҷуди қарори пешакӣ, вақте ба вазорат омад, касеро наёфт -- на вазиррову на раҳбарони бахшҳои ин вазоратро.

Эраҷ Амон
Эраҷ Амон
Ба таъбири Эраҷ Амон, мисле, ки ҳама хонахез ба куҷое рафта буданд: «Рӯзи сафари президент буд. Вақте ки барои маълумот ба Вазорати иқтисод занг задам гуфтанд, ки "ба ҳаминҷо биёед". Ба қабулгоҳи вазир омадам, гуфтанд, ки "обед рафтагӣ". Пурсидам, ки муовинон-чӣ, ҷавоб доданд, ки ҳама дар нонхӯрӣ, соат ду буд. Дар ҳоле, ки вақти таоми нисфирӯзӣ дар Тоҷикистон аз соати 12:00 то 13:00 муқаррар шудааст. Ҳоло ин як дарди сар аст барои мо, тамос мегирӣ, мегӯянд, ки дар ҷаласаи ҳукумат аст, вақте ба дафтари матбуоти президент занг мезанӣ, ки чӣ ҷаласа буд, мегӯянд, ки ҳеч чиз набуд.»

КОРАФТОДАГОНИ САРСОН

Набудани раҳбар дар вазорат ё идора мушкили танҳо журналистон нест. Садҳо корафтодаи дигар ҳафтаҳоро дар вазоратхонаҳо сипарӣ мекунанд, то вазир ба онҳо тараҳҳум кунад ва мушкилашон ҳал шавад.

Сокини Душанбе Мунира Ҳамидова мегӯяд, ки барои як имзо борҳо ба Оҷонсии Сохтмони ҷумҳурӣ рафтааст, аммо котиба ва ҳуқуқшиносони раис гуфтаанд, ки ӯ «аз паи кор» рафтааст ва дар утоқаш нест: «Ман аз як сол зиёд барои фақат як имзо, ки мехоҳам, хонаҳоямро васеътар кунам, ба назди раиси ин идора меравам, лекин ба ман ман мегӯянд, ки раис нест. Гоҳҳо аз интизорӣ ҳамон ҷо хобам мебарад, лекин раиса намеёбам, ҳоло намедонам чӣ кор кунам.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:11 0:00
Линки мустақим


Салимбой Раҳималиев, як сокини ноҳияи Ваҳдат мегӯяд, барои рӯшан кардани масъалаи хоҷагии деҳқонӣ ба Вазорати кишоварзӣ омадааст, аммо на рӯзи шанбе, ки рӯзи қабули вазирҳост ва на дар рӯзҳои дигар натавонистааст, ба дидори вазир ё муовинони ӯ "мушарраф" шавад. Вақте ки мо бо ин вазорат тамос гирифтем, дар қабулгоҳ гуфтанд, ки ҷаласа доранд ва бо муовини вазир -- Раҳим Назаров дар тамос шавед.

Ёвари муовини вазир гуфт, ки эшон аз паи кор рафтаанд ва дар соати 14:00 дар идора мешаванд. Вақте мо пурсидем, оё дуруст аст, ки мардуми корафтода дар вақти корӣ, хусусан дар нимаи дувуми рӯз, на вазиру на муовинони ӯро пайдо карда наметавонан?, ёвари муовини вазири кишоварзӣ гуфт: «Марҳамат ҳамин ҳозир биёед, ман ёвари Раҳим Назаров дар қабулгоҳ нишастаам. Ҳар рӯзи шанбе то соати 12 дари вазирҳо ба рӯи мардум кушода аст. Мо дар қабулгоҳ журнал дорем, мардуми корафтодаро қайд мекунем. Дар рӯзҳои корӣ маъмулан ҳукумат даъват мекунанд, аз пайи кор мераванд. Мана худатон биёеду бубинед, агар шуморо қабул накунанд, чизе мегӯед, гӯед.»

Яке аз вазоратҳои дигар, ки мардум бештар муроҷиат мекунанд ва барои иҷрои ниёзмандиҳои худ ба остонаи он зуд-зуд қадам мегузоранд, Вазорати тундурустист. Баъзе аз шаҳрвандон мегӯянд, ки дар нимаи дувуми рӯз дар қабулгоҳи вазорат мегӯянд, ки "вазир банд асту назди муовинон раванд. Аммо дар қабулгоҳи муовини вазир ҳам айни ҳамин ҳарфҳоро мешунавед, ки муовин меҳмон дорад ё муовин дар семинар аст ва беҳтар аст фардо субҳ биёед."

Бинои вазорати тандурустии Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)
Бинои вазорати тандурустии Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)
Аммо раиси Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ Фотима Ғоибова инро рад мекунад. Вай мегӯяд, шояд нафари алоҳидае ба чунин мушкил рӯ ба рӯ шуда бошад, вале ин ба он маъно нест, ки вазир ё ҷонишинҳо дар соати ду ва дар соати панҷи бегоҳ дар утоқи корӣ набошанд: «Вақте ки ягон нафар муроҷиат карда бошаду вазир дар ҷаласа ва ё дар кадом нишаст ҳузур дошта бошад, маънои онро надорад, ки вай дар утоқи кориаш нест. Биёед, инро аз рӯи таҷрубаи худамон баҳо надиҳем, ки вақте мо вазир ва ё муовинро суроғ кардему пайдо накардем, гӯё вай дар ҷои кор нест. Дар Вазорати тандурустӣ мо суолу муасъалаҳоямонро аслан дар нимаи дувуми рӯз ба назди вазир в ё ҷонишин мебарем ва ҳамеша онҳо дар утоқи кории худашон ҳастанд. Албатта, ман дар бораи вазирони дигар намедонам, вале дар Вазорати тандурустӣ тартиби корӣ ҷиддӣ аст.»

... ИН ШИКОЯТИ ТАНҲО МАРДУМ ОДДӢ НЕСТ...

Аммо аз мардумгурезии масъулони вазорату идораҳои давлатӣ танҳо корафтодаҳо ё журналистҳо меноланд. Вакилони парлумон ҳам мегӯянд, ки ин мушкилро доранд ва вақте ба ягон идора занг мезананд, котиба гӯширо мебардорад ва чун мебинад, ки, ки занг аз боло, яъне дастгоҳи раиси ҷумҳур ва ё шахси дилхоҳи вазир нест, дарҳол мегӯяд, ки вазир дар идора нест.

Исмоил Талбаков, вакили МН
Исмоил Талбаков, вакили МН
Исмоил Талбаков вакили мардумӣ мегӯяд: «Дар идораҳои давлатӣ, ки сотка ё телефонҳои дохилии ҳукуматии чоррақама ҳаст ва онро бояд вазир ва ё муовини вазир бардорад, муттаасифона, инро намебардорад ва котиба гӯшии соткаро мебардорад. Ва котиба мегӯяд, ки вазир ҳаст ё нест. На танҳо мардум аз ин бемасъулиятии масъулони идораҳои давлатӣ ба мо шикоят мекунанд, мо худамон ҳам ҳолатҳое мешавад, ки ҳангоми таҳияи пешнависи қонун ба идораҳои давлатӣ занг мезанем, мутаассифона, ё дар ҷои кор пайдояшон карда наметавонем ва ё котиба мегӯяд, ки вазир нест, ана ҳамин аст, ки мардум норозӣ мешаванд.»

Ба қавли Исмоил Талбаков, дар замони шуравӣ як ниҳод буд, бо номи Назорати халқӣ, ки кори идораҳои давлатиро назорат мекард, ҳоло чунин идорае вуҷуд надорад.

Ахиран, дар як ҷаласа ҳатто раиси ҷумҳур Эмомали Раҳмон низ таъкид кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ вазирро намешавад дар утоқи кориаш пайдо кард.

"ЛАҲЗАҲОИ ГУВОРО" НИЗ ХАБАР ДОРАД...

Ҳоло ин масъала ба мавзуи ҳаҷви барномаи «Лаҳзаҳои гуворо» табдил шудааст. Дар он саҳнае ҳаст, ки як гурӯҳи корафтодаҳо вақте ҳеҷ наметавонанд ба қабули вазир расанд, ночор либоси шики намояндагони созмонҳои байналмилалиро ба бар карда, ба қабулгоҳ меоянд ва вазир ҳам онҳоро аз дари қабулгоҳ истиқбол мегирад, ки шояд кӯмаки башарие барои ин вазорат дошта бошанд.

Баъд аз сӯҳбат бо чанд корафтодаи даргоҳи вазирон, хостам аз таҷрибаи тамоси телефонӣ бо масъулони идораҳо истифода кунам ва аз онҳо пурсам, ки чаро мардум шуморо баъди зӯҳр пайдо карда наметавонанд? Аммо қариб дар ҳама идораҳо гӯшиҳоро котибаҳо бардоштанд ва бо ҳамон баҳона, ки “вазир нест” маро ба шӯъбаҳои дигари вазорат ба истилоҳ “футбол” карданд.

Аз нигоҳи ҳамсӯҳбатони мо, чунин ба назар мерасад, ки ҳукумат дар Тоҷикистон, дақиқтараш, баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ, дар нимаи дувуми рӯз, яъне пас аз оғози таоми нисфирӯзӣ бо хастагӣ аз заҳматҳои зиёди хизмат, ба хоби тӯлонӣ мераванд.
XS
SM
MD
LG