Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳамла ба сафорати Британияро маҳкум кард


Барак Обама
Барак Обама
Президент Барак Обама аз Эрон хост, ки масъулони ин ҳамлаҳо ба сафоратхона ва биноҳои дипломатии Британия дар Теҳронро ба муҷозот кашонад. Вай бо ишора ба мақомоти интизомии Эрон гуфт:

“Онҳо масъулияти амнияти атрофи биноҳои дипломатиро бар ӯҳда доранд. Ин масъулияти ибтидоии байналмиллалист ва ҳамаи кишварҳо бояд бар он эҳтиром гузоранд. Тазоҳуркунадагон тавонистаанд ба дохил раванд ва сафоратро оташ зананд. Ин нишонаи он аст, ки ҳукумати Эрон тааҳҳудоти байналмиллалии худро ба таври ҷиддӣ иҷро намекунад”.

Барак Обама дар идомаи суханони худ аз ин ҳодиса амиқан ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, вай интизор аст, ки ҳар чӣ зудтар бар зидди ононе, ки ин ҳамлаҳоро анҷом додаанд, табдбирҳои ҷиддӣ андешида шавад.
XS
SM
MD
LG