Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия аз "пайoмадҳои ҷиддӣ"и ҳамла ба сафораташ ҳушдор дод


Дэвид Камерон
Дэвид Камерон
Дэвид Камерон-нахуствазири Британия баъд аз ҳамлаи ҷонибдорони муҳофизакорони Эрон ба манозили дипломатии Британия дар Теҳрон ба Эрон аз “пайёмадҳои ҷиддӣ”-и ин ҳамлаҳо ҳушдор дод. Вай нотавонии мақомоти эрониро маҳкум кард, зеро онҳо натавонистаанд аз биноҳои Британия дар ин кишвар дифоъ кунанд. Вай гуфт, ҳукуматаш иқдомоти ҷавобӣ ба ин ҳамлаҳоро баррасӣ хоҳад кард. Шӯрои Амнияти СММ ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум кард. Президент Барак Обама аз Эрон хост, ки масъулони ин ҳамлаҳоро ба муҷозот кашонад. Вазорати хориҷаи Русия ин ҳамлаҳоро ғайриқобили қабул хонд ва гуфт, ин ҳамлаҳо қобили маҳкум кардан аст. Аз ин ҳамлаҳо кормандони сафорати Британия дар Теҳрон осеб надидаанд.
XS
SM
MD
LG