Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миятович беҳбуди озодии матботи Тоҷикистонро мехоҳад


Дуня Миатович
Дуня Миатович
Имрӯз дар Душанбе конфронси байналмиллалии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ”Гуногунандешӣ ва идораи умури интернетӣ” идома меёбад. Дирӯз Дуня Миятович-намояндаи САҲА роҷеъ ба масоили озодии матбуот, ки дар ин конфронс ширкат дорад гуфт, ки ба Тоҷикистон қонунҳое зарур аст, ки озодии расонаҳои хабариро таъмин кунад ва мақомоти расмӣ дар баробари матбуот эҳсоси масъулият кунанд. Вай гуфт, дар Тоҷикистон падидаҳои номатлубе аз қабили бастани сафҳаҳои интернетӣ ва боздошту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон ҳанӯз ҷой дорад.
XS
SM
MD
LG