Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исландия истиқлоли Фаластинро ба расмият мешиносад


Порламони Исландия қаламрави худгардони Фаластинро ба унвони кишвари мустақили Фаластин ба расмият шинохт. Ин порламон, ки дорои 63 намоянда мебошад, бо 38 райи мувофиқ қатъномаеро дар ин бора ба тасвиб расонд ва эълон кард, ки Фаластинро бо марзҳои ҷанги шашрӯзаи соли 1967 ба расмият мешиносад. 13 намоянда аз додани рай худдорӣ карданд, 12 намояндаи дигар дар иҷлоси порламон ширкат надоштанд. Касе ба ин қатънома мухолифат накард. Тасвиби ин қатънома роҳро барои эътирофи давлати мустақили Фаластин аз ҷониби Исландия ҳамвор мекунад. Вазорати хориҷаи ин кишвар гуфт, Исландия нахустин кишвари ғарбӣ хоҳад буд, ки истиқлоли Фаластинро ба расмият мешиносад.
XS
SM
MD
LG