Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони молӣ сарнавишти пули евроро баррасӣ карданд


Вазирони молияи 17 кишвари қаламрави истифодаи пули евро дар Бруссел мулоқот доштанд, то сарнавишти ояндаи ин пулро баррасӣ кунанд. Дар мулоқоти моҳонаи худ вазирон 8 миллиард евро қарз ба Юнонро ба тасвиб расонаданд. Бидуни ин қарз Юнон наметавонист музди моҳонаи коргарони кишварашро то моҳи янавар бипардозад. Вазирон ҳамчунин имкони додани қарз ба кишварҳои дигареро, ки ба хатари бӯҳрон ва муфлисӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, баррасӣ карданд. Сандуқи Байналмиллалии Пул аз душвориҳои молӣ дар Италия ва Испания изҳори нигаронӣ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG