Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осетияи Ҷанубӣ интихоботи нав баргузор мекунад


Порлумони Осетияи Ҷанубӣ рӯзи 25 мартро рӯзи интихоботи нави раёсати ҷумҳур эълом кард, зеро пештар аз ин натиҷаҳои интихоботи рӯзи якшанбе беэътибор эълом шуд. Додгоҳи Олии Осетияи Ҷанубӣ гуфт, ба далели тақаллуб дар интихобот натиҷаҳоро беэътибор эълом кард. Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот нишон дод, ки Анатолий Бибилов, номзади мавриди ҳимояти Маскав аз рақибаш Алла Ҷиёева, вазири собиқи маориф шикаст хӯрдааст. Ба иддаъои тарафдорони Бибилов, дар интихобот тақаллуб шудааст. Атсамаз Биченов, раиси додгоҳ гуфт, вуҷуди тақаллуб дар интихобот собит шудааст ва Алла Ҷиёева ҳаққи ширкат дар интихоботи ояндаро надорад. Аммо тарафдорони Алла Ҷиёева гуфтанд, ки тағйир дар натиҷаҳои интихоботро намепазиранд. Осетияи Ҷанубӣ дар аввали солҳои 90 баъди ҷанг бо Гурҷистон худро аз ин кишвар ҷудо эълом кард. Русия низ баъди ҷанги кӯтоҳ бо Гурҷистон дар соли 2008 Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт ва чанд кишвар низ ба он пайравӣ карданд.
XS
SM
MD
LG