Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даҳҳо нафар аз тазоҳургарон вориди сафорати Бритониё дар Теҳрон шуда, шишаҳои онро шикастанд.

Манобеи хабарии эронӣ ҳуҷумкунандагон ба сафорати Бритониё дар ин кишварро донишҷӯён хондаанд.

Ба гузориши хабаргузории нимарасмии "Форс", таҷаммӯи донишҷӯёни Донишгоҳи Теҳрон, ки аз соати дуи баъд аз зӯҳри сешанбе (29 ноябр) дар рӯбарӯи сафорати Бритониё оғоз шуд, ба ҳуҷуми ин афрод ба дохили сохтмон анҷом шудааст.

Дар ҳоле ин хабаргузорӣ мегӯяд, ки нерӯҳои пулиси ҳозир дар маҳал "натавонистанд" дар муқобили донишҷӯён муқовимат кунанд, хабари дигар ҳикоят аз он мекунад, ки кормандони сафорати Бритониё ин маҳалро тарк кардаанд.

Хабаргузории "Меҳр" мегӯяд, "донишҷӯён" пас аз ворид шудан ба сохтмони сафорати Бритониё дар хиёбони Фирдавсии Теҳрон, парчами ин кишварро поин кашида ва оташ заданд. Ин хабаргузорӣ ҳамчунин мегӯяд, ҳамакнун парчами Эрон бар сари дари сафорати Бритониё дар Теҳрон қарор гирифтааст.


Хабаргузориҳои дохилии Эрон ҳамчунин аз ҳузури "ақшори мухталифи мардум" дар канори ин "донишҷӯён" дар таҷаммӯи рӯзи сешанбе ва сар додани шиори "марг бар Инглис" ва "марг бар Исроил" хабар медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", афроди ҳуҷумкунанда ба сафорати Бритониё пас аз ворид шудан шишаҳои сафоратхонаро шикаста ва "бархе аснодро, ки дар табақаи аввали сохтмон буд" берун оварда ва ба оташ кашидаанд.

Ҳамла ба сафорати Бритониё дар Эрон як рӯз пас аз он рух медиҳад, ки сухангӯи Девид Камерон, нахуствазири Бритониё рӯзи душанбе (28 ноябр) аз тасмими Эрон барои коҳиши равобит байни ду кишвар ибрози таассуф карда ва гуфт, ки Лондон дар ҳоли баррасии иқдомоте дар посух ба ин амалкарди Ҷумҳурии Исломӣ аст.

Рӯзи якшанбе (27 ноябр) порлумони Эрон бо судури қароре аз ҳукумат хост, равобити дуҷонибаро бо Бритониё коҳиш диҳад, зеро ин кишвар тамоми муомилоти молӣ бо бонкҳои Эронро бо назардошти эҳтимоли иртиботи онҳо ба барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон муттавақиф кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG