Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти тазоҳуроти зидди Бритониё дар Теҳрон


Даҳҳо нафар аз тазоҳургарон имрӯз вориди сафорат ва як қароргоҳи дигари дипломатии Бритониё дар Теҳрон шуда, ойинаҳои онҳоро шикаста ва парчами Бритониёро оташ задаанд. Телевизиони давлатии Пресс TV Эрон аксҳоеро аз ин тазоҳурот намоиш дод. Пулиси зиддишӯриши Эрон, монеъи вуруди тазоҳургарон ба сафорат нашудааст, вале дертар хабаргузории Форс гузориш дод, ки нерӯҳои пулис саъй доранд, то тазоҳургаронро аз сафорат берун кунанд. Дар берун аз сафорат садҳо нафар бо талаби ихроҷи фаврии сафири Бритониё аз Эрон тазоҳурот мекарданд ва “Марг ба Бритониё” шиор медоданд. Бино ба гузоришҳо ҳудуди 100 нафари дигар ба намояндагии дигари дипломатии Бритониё ворид шудаанд ва бино ба гузоришҳои таъйидношуда кормандони онро гаравгон гирифтаанд. Рӯзи якшанбе порлумони Эрон бо судури қароре аз ҳукумат хост, равобити дуҷонибаро бо Бритониё коҳиш диҳад, зеро ин кишвар тамоми муомилоти молӣ бо бонкҳои Эронро бо назардошти эҳтимоли иртиботи онҳо ба барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон муттавақиф кард.
XS
SM
MD
LG