Пайвандҳои дастрасӣ

Вуруди тазоҳургарон ба сафорати Бритониё дар Теҳрон


Даҳҳо нафар аз тазоҳургарон имрӯз вориди қароргоҳи сафорати Бритониё дар Теҳрон шуда, ойинаҳои онро шикаста ва парчами он кишварро оташ задаанд. Телевизиони давлатии Пресс TV Эрон аксҳоеро аз ин тазоҳурот намоиш дод. Пулиси зиддишӯриши Эрон, монеъи вуруди тазоҳургарон ба сафорат нашудааст, вале дертар хабаргузории Форс гузориш дод, ки нерӯҳои пулис саъй доранд, то тазоҳургаронро аз сафорат берун кунанд. Дар берун аз сафорат садҳо нафар бо талаби ихроҷи сафири Бритониё аз Эрон тазоҳурот мекарданд ва “Марг ба Бритониё” шиор медоданд. Рӯзи якшанбе порлумони Эрон бо судури қароре аз ҳукумат хост, равобити дуҷонибаро бо Бритониё коҳиш диҳад, зеро ин кишвар тамоми муомилоти молӣ бо бонкҳои Эронро бо назардошти эҳтимоли иртиботи онҳо ба барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон муттавақиф кард.
XS
SM
MD
LG