Пайвандҳои дастрасӣ

Хулосаи равоншиносон дар бораи қотили 77 нафар


Равоншиносон муайян кардаанд, ки Андерс Беринг Брейвик, қотили 77 нафар дар Норвегия ҳангоми бомбгузориву тирандозии рӯзи 22 июл аз ақл бегона будааст. Додситонҳо гуфтанд, агар додгоҳ хулосаи тиббии ду равоншиносро бипазиранд, Андерс Брейвик барои муолиҷа ба шифохона фиристода хоҳад шуд ва ҳукми зиндон нахоҳад гирифт. Андерс Беринг Брейвик баъди бомбгузорие дар шаҳри Осло, ки ҳашт нафарро кушт ба як урдӯгоҳе дар ҷазираи Утоя рафт ва дар онҷо бо тирандозӣ 69 нафари дигарро ҳалок кард.
XS
SM
MD
LG