Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Системаи зиддимушакии Русияро ба кор андохтанд


Русия дар ҷавоб ба барномаи Амрико барои истиқрори сипари дифоъи мушакиаш дар Аврупо, имрӯз як радари ҳушдордиҳанда аз хатари ҳамлаҳои мушакиро дар вилояти Калининград, ҷазирақаламраваш дар марз бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба кор андохт. Амрико мегӯяд, сипари дифоъиаш ба хотири рафъи ҳамлаҳои мушакӣ аз кишварҳои ба мисли Эрон аст, аммо Русия онро хатаре барои амнияти худ медонад. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия эълом кард, ки системаи дифоъии Воронеж ДМ ба вазъи омодабоши ҷангӣ оварда шуд ва гуфт : "Моро баёнияҳои оддӣ дигар қонеъ карда наметавонанд, ки истиқрори батадриҷи системаи дифоъи мушакии Аврупо алайҳи Русия нигаронида нашудааст. Ин баёнияҳои забонӣ мутаасифона, замонате барои ҳифзи манофеъи мо буда наметавонанд." Аммо гуфт Дмитрий Медведев, ба кор андохтани системаи Воронеж ДМ "дари муколама бо Амрико дар мавриди сипари дифоъи мушакии онро" намебандад. Медведев пештар ҳушдор дода буд, ки Русия метавонад, мушакҳояшро дар марзҳояш бо Иттиҳодияи Аврупо ҷойгир кунад.
XS
SM
MD
LG