Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои интихоботи Осетияи Ҷанубӣ беэътибор эълом шуд


Додгоҳи Олии Осетияи Ҷанубӣ натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи якшанбеи гузаштаро беэътибор эълом кард. Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот нишон дод, ки Анатолий Бибилов, номзади мавриди ҳимояти Маскав аз рақибаш Алла Ҷиёева, вазири собиқи маориф шикаст хӯрдааст. Ба иддаъои тарафдорони Бибилов, дар интихоботи рӯзи 27 ноябр тақаллуб шудааст ва аз ин рӯ онҳо ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат кардаанд. Атсамаз Биченов, раиси додгоҳ гуфт, вуҷуди тақаллуб дар интихобот собит шудааст ва ба ҳамин далел натиҷаҳо беэътибор эълом карда шуд. Аммо тарафдорони Алла Ҷиёева, ки дар назди Кумиссиёни Марказии Интихобот ҷамъ омадаанд, гуфтанд, ки тағйир дар натиҷаҳои интихоботро намепазиранд. Осетияи Ҷанубӣ дар аввали солҳои 90 баъди ҷанг бо Гурҷистон худро аз ин кишвар ҷудо эълом кард. Русия низ баъди ҷанги кӯтоҳ бо Гурҷистон дар соли 2008 Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт ва чанд кишвар низ ба он пайравӣ карданд.
XS
SM
MD
LG