Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон конфронси Афғонистонро таҳрим кардааст


Бино ба гузоришҳо давлати Покистон ба нишони эътироз аз ҳамлаи маргбори НАТО ба як посгоҳи низомиёнаш аз ширкат дар конфронси байналмилалӣ дар мавриди сарнавишти ояндаи Афғонистон даст кашидааст. Қарори таҳрими нишаст имрӯз дар ҷаласаи ҳукумати Покистон қабул шудааст. Баъди ҳамлаи ҳавоии НАТО, ки 24 сарбози Покистонро кушт, муносиботи Амрикову Покистон бадтар шуд ва Исломобод ду гузаргоҳи аслии интиқоли муҳимоту лавозимоти НАТО ба Афғонистонро баст. Ҳамлаи мазкур, хашми мардуми Покистонро барангехт. Конфронси байналмилалӣ оид ба сарнавишти ояндаи Афғонистон рӯзи 5 декабр дар шаҳри Бонн баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG