Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа барои паст задани шаъну шарафи раисиҷумҳури Тоҷикистон зиндонӣ шуд.

Мирзоҷон Тоирови 37-сола дар ҳоле ба шаш соли зиндон маҳкум гардид, ки ҳамагӣ се моҳи қабл, дар пайи иҷрои Қонуни афв, аз зиндони Ёвон ба озодӣ баромада буд.

Рустам Назаров, додраси парвандаи оқои Тоиров, мегӯяд, рӯзи чаҳоруми сентябри соли ҷорӣ маҳкумшуда ба утоқи нозири минтақавии милиса ҳамла карда, таҳдид ба инфиҷори баллони газ мекунад ва ҳамзамон бо садои баланд мақомоти расмӣ, аз ҷумла раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дашном медиҳад.

Ба гуфтаи додрас Назаров, иттиҳомоти расмии марбут ба таҳқир ва ё паст задани шаъну шарафи раисиҷумҳур зимни тафтишоти муқаддамотӣ лағв гардидааст. Вале, ба истилоҳ, дар “фабула”-и айбнома таъкид шудааст, ки Мирзоҷон Тоиров “пас аз таъқиби мақомоти милиса ба манзили истиқоматиаш даромада, аз тирезаи хонааш дар байни омма нисбати президенти Тоҷикистон ва кормандони мақомоти милиса дашномҳои қабеҳ намуда, обрӯ ва эътибори шахсии онҳоро паст задааст.”

Ишназар Куганов

Ишназар Куганов

Дар ҳамин ҳол, Ишназар Куганов, вакили мудофеи Мирзоҷон Тоиров, мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ дашномҳои оммавии раисиҷумҳурро дар ҳолати мастӣ гуфтааст ва ин ки нисбат ба ӯ барои таҳқири роҳбари давлат иттиҳоми расмӣ эълон нашудааст, амали қонунан дуруст ва башардӯстона мебошад.

“Тоиров вақте ҳақорат кардааст, дар он ҳолат президенти ҷумҳур шахсан набуд. Ин корро барқасдона не, аз рӯйи ҷаҳл, аз қаҳр мекунад”,-илова кард вакили мудофеъ Куганов.

Шоҳидони парвандаи мазкур, ки кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Қӯрғонтеппа будаанд, дар мурофиаи додгоҳӣ тасдиқ кардаанд, ки Мирзоҷон Тоировро дар ҳолати мадҳушӣ дар хиёбонҳои шаҳр дида, ҳангоми боздошти ӯ аз сӯяш таҳқиру дашном шунидаанд. Ба гуфтаи онҳо, маҳкумшуда ҳамчунин раисиҷумҳурро дар ҳузури кормандони милиса дашномҳои қабеҳ гуфта, иддао намудааст, ки гӯё ӯро беасос ҳабс кардаанд.

Ин ҳодиса субҳи рӯзи 4-уми сентябр, дар пешорӯи 20-умин солгарди ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон, дар шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифта, тамоми афсарони милиса ва мақомоти амниятиро безобита карда буд. Он рӯз Мирзоҷон Тоиров, ки тоза аз маҳбас раҳо шуда буд, таҳдид мекард, ки баллони газии хонаашро тарконда ва ба нишони эътироз худкушӣ мекунад. Боздошти Мирзоҷон Тоиров танҳо пас аз чанд соати талошҳои мақомоти милиса имконпазир шудааст.

Вакили мудофеи маҳкумшуда мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ қаноатманд буда, ӯ ва нафари зерҳимояташ нияти ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурданро надоранд. Ҳоло ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа нисбати Мирзоҷон Тоиров нерӯи қонунӣ гирифтааст. Маҳкумшуда 6 соли умри минбаъдаашро дар колонияи ислоҳии низомаш шадид пушти сар хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG