Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лаҳистон мегӯяд, ягона умеди ҳавзаи евро Олмон аст


Радослав Сикорскӣ, вазири умури хориҷии Лаҳистон, аз Олмон, тавонотарин иқтисоди ҳавзаи евро, тақозо кардааст, бо нишон додани раҳбарӣ аз суқути евро ҷилавгирӣ кунад. Радослав Сикорскӣ, дар як суханронӣ дар шаҳри Берлин шоми душанбе гуфт, 17 кишвари ҳавзаи евро дар “дар вартаи партгоҳ” истодаанд ва танҳо Олмон метавонад, ин ҳавзаро наҷот диҳад ва шукуфо кунад. Ӯ афзуд, бӯҳрони қарзии кишварҳои ҳавзаи евро ҳоло ба бузургтарин хатар барои шукуфоӣ ва суботи Лаҳистон табдил шудааст. Ин кишвар ҳоло раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупост ва умедвор аст, рӯзе ба ҳавзаи евро шомил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG