Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бисту панҷ сарбози НАТО дар Косово захмӣ шуданд


Бисту панҷ сарбози нерӯҳои посдорони сулҳи ба раҳбарии НАТО дар Косово ва даҳҳо сербтабор дар як бархӯрде дар шимоли Косово маҷрӯҳ шудаанд. Сухангӯи нерӯҳои посдори сулҳ гуфт, сербҳо дар ин муноқиша, ки рӯзи душанбе сурат гирифт, як фармондеҳи олмонӣ ва як сарбози дигарро бо тирандозӣ аз аслиҳаи сабук маҷрӯҳ кардаанд. Бар асоси гузоришҳо, даҳҳо сербтабор низ барои муолиҷаи захмҳояшон ба шифохонаҳо муроҷиат кардаанд. Бархӯрд дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки сербтаборони шимоли Косово нагузоштаанд, нерӯҳои НАТО сангарҳои гузоштаи онҳоро дар роҳе наздик ба шаҳри Зубин Потокро аз байн бардоранд. Нерӯҳои НАТО барои пароканда кардани онҳо аз тирҳои резинӣ мошинҳои обпошӣ истифода кардаанд ва сербҳо бо абзори тарканда ва оташгиранда ба онҳо муқовимат кардаанд.
XS
SM
MD
LG