Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия мегӯяд, муҳоҷирони беморро нафиристед


Мақомоти Русия ба ҳамтоёни тоҷики худ тавсия додаанд, ки муҳоҷирони кориро қабл аз сафар ба он кишвар дар дохил муоинаи тиббӣ кунанд, то барои Русия мушкилоти изофӣ наофаранд. Муассисаи давлатии “Роспотребнадзор” дар баёнияе гуфтааст, дар миёни муҳоҷирони тоҷике, ки ба Русия меоянд, афроди гирифтор ба бемориҳои хатарноки сироятӣ кам нестанд ва аз ин рӯ бояд онҳо дар дохил муоина шаванд. Ба гуфтаи “Роспотребнадзор” соли 2011 дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик 336 гирифтори бемориҳои сироятии хатарнок кашф шудааст ва ба ҳамин далел онҳоро ё аз Русия рондаанд, ё ҳаққи иқомату иҷозаи кори онҳоро лағв кардаанд. Аз ҷумла 96 мавриди бемории вируси норасоии масунияти бадан, 116 бемори сил ва 74 бемори сифилис зикр шудааст. Муассисаи “Роспотребнадзор” баъди моҷарои Тоҷикистону Русия бар сари ду халабони рус, ба нашри чунин гузоришҳо шурӯъ кард ва мақомоти Тоҷикистон ин гузоришҳоро ғаразмандона хондаанд.
XS
SM
MD
LG