Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ: "Бетафовутӣ боиси дастдарозии миллатгароён мешавад"


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нигаронии худро аз қатли муҳоҷирони тоҷик дар Русия баён дошт.

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатли Бахтиёр Расулов, як сокини ноҳияи Шаҳритус дар Санкт-Петербургро маҳкум карда ва онро “ҷинояти ҳадафнок алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон” хондааст.

Ин ҳизби сиёсӣ куштори Бахтиёр Расуловро паём ва ҳушдоре ба ҷомеаи Русияву Тоҷикистон дониста ва даъват намудааст, ки ҷонибҳо нисбати ин ҳодиса бетарафӣ зоҳир накунанд.

Масъулони ҲНИТ дар баёнияи худ изҳори умедворӣ кардаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон низ тамоми чораҳоро барои дифоъ аз муҳоҷирини тоҷик хоҳад андешид ва ошкору ба ҷазо кашидани омилони ин ҳодисаро аз авлавиётҳои сиёсати худ қарор хоҳад дод. “Зеро саҳлангорӣ ва бетафовутӣ дар ин амр боиси дастдарозии бештари ҷиноятпешагон алайҳи муҳоҷирини тоҷик гаштааст”,-таъкид шудааст дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ.

Дар идомаи ин изҳорот мехонем, “боиси таассуф аст, ки муҳоҷирини тоҷик бо доштани мушкилоти бешумор, боз ноодилона ҷузъи бозиҳои сиёсӣ гардонида шуданд, ки барои нерӯҳои ҷиноятпешаи фурсатталаб заминаро фароҳам сохт, то онҳоро бештар мавриди ҳуҷум ва таҳқир қарор бидиҳанд.”

Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, ҳарчанд мақомоти Русия иқдомотеро барои мӯътадил гаштани фазо атрофи муҳоҷирини тоҷик андешидаанд, вале қатли як шаҳрванди Тоҷикистон баёнгари он аст, ки ин иқдомот ҳанӯз кофӣ нестанд.

Ин ҳизб гуфтааст, “ҳамчуноне, ки изҳорот ва мавқеъгириҳои беасос ва ҳангомаҷӯёнаи иддае аз мақомот ва шахсиятҳои Русия вазъи муҳоҷирини тоҷикро номусоид гардонд, барои мӯътадил сохтани фазо зарур аст, ки мақомот ва шахсиятҳои калидии ин кишвари ба мо дӯст мавқеъгирӣ ва иқдомҳои мушаххас ва таъсирбахш барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик нишон диҳанд. Беҷазо мондани ин гуна ҷиноятҳо пеш аз ҳама зарбаест ба худи Русияи сермиллат ва гуногунмазҳаб. Русия ҳамеша бо фашизм дар ҳама шаклҳояш мубориза бурдааст ва ҷои таассуф аст, ки ин кишвар вақтҳои охир худ дучори ин мушкилӣ гаштааст.”

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчунин аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нерӯҳои солими ҳарду миллат хостааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти расмии кишварҳои худ барои мӯътадил сохтани фазо атрофи муҳоҷирини тоҷик талоши бештаре ба харҷ бидиҳанд.

Дар бораи қазияи Бахтиёр Расулов бештар бихонед:

Марги риққатбори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург
XS
SM
MD
LG