Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистонро сарфи назар кард ва онро бетағйир гузошт.

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 14 октябри соли ҷорӣ Урунбой Усмоновро ба се соли зиндон маҳкум кард, вале бо таваҷҷӯҳ ба иҷрои Қонуни афв ӯро аз толори додгоҳ озод намуда буд. Аммо хабарнигори Би-би-сӣ ин ҳукми додгоҳи вилояти Суғдро “ғайриодилона” хонда ва аз Додгоҳи олӣ хост, ки ӯро “сафед” намояд.

Ҳамзамон вакили мудофеи Урунбой Усмонов ба ин ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон эътироз намуда, гуфтааст, ки ба Раёсати додгоҳи олии Тоҷикистон- охирин марҳилаи баррасии парвандаҳо шикоят хоҳанд бурд.




Худи Урунбой Усмонов низ ҳар гуна ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи “Ҳизби Таҳрир”-ро рад карда ва мегӯяд, ки барои "сафед" шудани худ то охир мубориза хоҳад бурд. Вай мегӯянд, сӯҳбату дидорҳояш бо аъзои “Ҳизби Таҳрир”, на ба маънои ҳамкорӣ ва ё таблиғи ин гурӯҳ, балки дар пайи адои кори хабарнигорияш будааст.

Пас аз ҳукми додгоҳи вилояти Суғд ҳарчанд Би-би-сӣ низ аз раҳоии хабарнигораш истиқбол кард, вале гуфта буд, ки ҳамчунон барои барқарории номи неки Урунбой Усмонов ба унвони хабарнигор ва нависанда талош хоҳад кард.

Дар ин робита Питер Ҳорокс, раиси барномаҳои ҷаҳонии хабарии Би-би-сӣ, пас аз судури ҳукми додгоҳи вилояти Суғд гуфта буд, ки "мо ба дифои худ аз Урунбой идома хоҳем дод ва умедворем, ки таҷдиди назар дар бораи ҳукми додгоҳ номи неки ӯро ба унвони як нависанда ва рӯзноманигори шинохта барқарор хоҳад кард."

Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятии ин вилоят боздошт шуда, тӯл як моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурд. Баъдан, таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байнулмилалии ҳомии хабарнигорон раҳо шуд.

Оқои Усмонов дар ҷараёни баҳси парвандааш дар додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ки ҳангоми боздошташ аз сӯи маъмурони амниятии вилоят таҳти фишор ва шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG